ПАЁМ — РОҲНАМОИ ҶАВОНОН БА ФАРДОИ ДУРАХШОН

Мо ҷавонон ҳамасола аз Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба самтҳои муҳими фаъолияти кишвар оид ба ҳама он комёбиҳову пешравиҳо, муваффақиятҳо ва навгониҳо дар бахши сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми кишварамон суханронӣ менамоянд, нерӯи тоза гирифта, баҳри пешрафт ва шукуфоии ватани азизамон саҳмгузор ва саъю талош намоем.

Чун анъана дар Паёми навбатӣ санаи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузоргардида, самтҳои муҳимми хоҷагии халқ ва сиёсати хориҷии кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуда, соли 2025-умро соли таърихӣ шуморидаанд, бештар ба арзишҳои миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дар роҳи бунёди давлатдорӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, қайд намуданд, ки Ҳукумати мамлакатро бояд ҷиҳати осон намудани дастрасии бахши хусусӣ ба захираҳо, хизматрасониҳои давлатӣ, иттилоот, воситаҳои арзони молиявӣ, технологияҳо ва донишҳо баҳри баланд бардоштани рақобатнокӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеъ дар бозорҳои ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешида, бо назардошти амалисозии ҳадафҳои стратегии давлат корҳо дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, хусусан, сармояи мустақим бояд вусъат дода шаванд.

Ҳамин буд, ки дар ҷаласаи навбатии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Парлумони Тоҷикистон баргузор гардида, бори дигар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ “Оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат асосан дар бораи рӯйдодҳои таърихӣ ва санаҳои хотирмон андешаронӣ намуда, дар робита онро яке аз чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ номидаанд.

Дар ин давра, яке аз рӯйдодҳои муҳими соли 2025 ин ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ва бастани шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ,  ки солҳои тулонӣ таҳти баҳсу мунозира қарор дошт, ба ҳисоб меравад.

Инчунин сухан дар барои такмили маъмурикунонии андоз, тавзеаи ҳамкориҳои фосилавӣ бо шаҳрвандону андозсупорандагон ва густариши иқтисоди рақамӣ дар доираи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020–2025» як қатор тадбирҳои муҳим, амалӣ карда шудааст, ба миён гузошта шуд.

Хизматҳои бевоситаи Пешвои миллат дар пешрафти самти масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва илму маориф барои пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон мушоҳида мегардад.

Яке аз самтҳои асосии дар Паём, зикргардида ин масъалаи ҷавонон мебошад, ки як қишри фаъоли ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар тули 34 соли давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушоҳида ва давра ба давра дастгирӣ ёфта истодааст, ба ҳисоб меравад.

Сарвари кишвар ҳамеша таъкид медоранд “Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст”, ин шиори доимамалкунанда мо барои омода намудани кадрҳои баландихтисос ва дар оянда бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо аз тарафи роҳбарони мақомотҳои давлатӣ ва барои дар амал татбиқ намудан ва пешрафти Тоҷикистон оид ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон водор месозад.

Чун ки аз нигоҳи некбинонаи Роҳбари давлат ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол буда, таъкид менамоянд, ки “маҳз ҷавонон масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт”.

Имрӯзҳо мо ҷавонон дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дошта то ин санаи муқаддас корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро бо сатҳу сифати баланд амалӣ месозем.

Сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон яке аз бандҳои асосии Паёми навбати ба ҳисоб рафта аз пешравию тараққиёти Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Дар ин замина, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар амалӣ гардида истодааст, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат менамояд».

Қайд намудан бамаврид мебошад, ки Роҳбари муаззами миллат ҳамасола ба фаъолияти кормандони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф ва илм таваҷҷуҳи хоса доранд ва маҳз барои зиндагии шоистаро доро будани кормандони илм ва маориф пайваста тадбирҳои муҳим андешида истодааст, ки боиси ифтихор ва сарфарозии мо омузгорон мебошад.

Дар Паёми навбати низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои мухталиф, махсусан соҳаи маориф ва илм дар ҳаҷми 20 то 25 фоиз иттиллоъ дода, шуруъ аз моҳи сентябри соли 2025 амалӣ карда мешавад. Мо бояд фахр намоем, ки яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё буда, забону фарҳанг, илму ҳунар, оину суннатҳои хешро нигоҳ дошта дар зери сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти ватани азизамон саҳмгузор бошем. Чун ки ҳар як Паёми пешниҳоднамудаашон аз ояндаи дурахшони давлату миллатамон гувоҳӣ медиҳад.