Таъини судяи нав ба таҳкими ҳайати судӣ
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2026 Ҷалилзода Саидасрор Бобохон ба вазифаи судяи Суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон таъин карда шуд.
Баъдан, мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷалилзода Саидасрор Бобохон дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди судягӣ ёд намуда, ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ шурӯъ кард.
Таъини судяи нав ба таҳкими ҳайати судӣ ва таъмини адолати судӣ дар ноҳияи Хуросон мусоидат хоҳад намуд.
Суди ноҳияи Хуросон 




