Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои суд

12 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд.

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонд намудани Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин ва Ғуломзода Сафарбек аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташон, инчунин дар бораи интихоби Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин, Ғуломзода Сафарбек, Сафарзода Маҳинабону, Раҳмонзода Икром ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нурализода Одил ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардиданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони суди шаҳру ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Мурғоб, Шаҳристон, Вахш, Рашт, Ховалинг, Норак, Рӯдакӣ таъин карда шуданд.