Ҷамъбастии фаъолияти судҳои вилояти Хатлон дар соли 2025
санаи 5 декабри соли 2026 дар шаҳри Бохтар маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Суди вилояти Хатлон ва судҳои шаҳру ноҳияҳои он баргузор гардид, ки дар кори он натиҷаҳои фаъолияти судҳои вилоят дар соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Маҷлисро муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Лутфуллозода Шавкат ифтитоҳ намуда, дар сухани муқаддимавии худ ба аҳаммияти таъмини адолати судӣ, риояи қонуният ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти судяҳо таъкид намуд.
Сипас, ҳисоботи муфассал оид ба натиҷаҳои фаъолияти судҳои вилоят дар як соли сипаригардида ироа гардида, дар он сабабу омилҳои баррасии саривақтӣ ё бо таъхир, ҳолатҳои бекоршавии санадҳои судӣ ва дигар нишондиҳандаҳо мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Суди ноҳияи Хуросон 




