Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз авҷи низоъҳо ва зуҳуроти терроризму экстремизм, ҳадафи он қарор гирифтани беш аз 100 кишвари олам, амалҳои харобиовар, қурбон гаштани ҳазор ғайринизомӣ, бе хонаву дар мондани миллионҳо нафар, расидани зиёни иқтисодӣ ба мамлакатҳои ҷангзада, изҳори нигаронӣ карда, таъкид доштанд, ки бо дарназардошти ин воқеияти рӯз, мо бояд ба хотири таъмини амнияти ҳамаҷониба дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон, барои мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявӣ, тавассути қабули тадбирҳои муштарак чораандешӣ намоем.

Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд. Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ. Барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат бо зуҳуроти хатарҳои замони муосир бояд бар пояи ҳусни эътимод ҳамдастиву ҳамоҳангиҳои зичи хадамоту ниҳодҳои амниятии кишварҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шавад.

Матлаби танзими ҳуқуқи байналхалқии ҷиноятӣ – ин ҳамкориҳои давлатҳо оиди мубориза ба Ҷинояткорӣ мебошад.

Доираи ҳамкориҳои давлатҳои оид ба мубориза бо ҷинояткории байналхалқӣ аз он вобаста аст, ки то чи андоза ҷинояти содиршуда ба манфиатҳои иттиҳоди давлатҳо хатарнок мебошад.

Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ равона шуда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро чун маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади  резонидани обрў ва манзалати мақомоти давлатист.

Экстремизм тамоюл ба зӯроварии хусусияти сиёсидошта дорад. Инчунин, он барои амалӣ гардонидани сиёсат оид ба бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти давлатӣ, ғасб намудани ҳокимият, муқаррар намудани низоми фашистӣ ва ё дигар шаклҳои идоракунии диктаторӣ равона карда мешавад. Ба зуҳуроти эксртемизм, инчунин, даъват барои мунтазам вайрон кардани ҳуқуқи инсон, дискриминатсияи одамон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба ягон миллат ё нажод мансуб аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90-уми асри XX – ҳанӯз дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёри худ ҳадафи амалҳои таҳрибкоронаи террористону ифротгароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифт.

Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд. Ҳадафу нақшаҳои пасипардагиву ғаразноки саркардаҳои аслии он амалҳои харобиовар ва хоҷагону сарпарастони онҳо, ки аз ғояҳои ифротгароӣ ва террористӣ сарчашма мегирифтанд, бо роҳи зӯрӣ ва қатлу куштор ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегонаву тафаккури асримиёнагӣ ва дар Тоҷикистон таъсис додани давлати исломӣ буд.

Фидокориву мардонагии халқи тоҷик ва заҳмату талошҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ҳимояи марзу бум ва арзишҳои фарҳангу тамаддуни қадимаи хеш, иродаи қавии мардуми мо ба сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохиливу хориҷӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо гирифта шавад.

Боиси таассуф аст, ки то ба ҳол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеъгирии ягона нисбат ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм ба назар намерасад.

Ҳамин аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабӣ, нажодӣ ва ҳатто бархӯрди тамаддунҳоро барангехтаанд. Дар ин замина он ҳам боиси нигаронии амиқ аст, ки террористон ва ифротгароён бо сӯиистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд. Ба ин тариқ бадном кардани дини мубини ислом, ки имрӯз пайравонаш зиёда аз якуним миллиард аҳолии кураи заминро ташкил медиҳанду дар рушди ҷаҳони мутамаддин саҳми арзанда доранд, метавонад оқибатҳои хатарзоро ба бор орад.

Зимнан, барои гирифтани пеши роҳи исломситезӣ моро зарур аст, ки фазои эътимод, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни ҷомеа ва тамаддунҳо тавсеа бахшем, ки ин, дар навбати худ, имкониятҳои моро дар муқовимат бар зидди хатару таҳдидҳои муосир бештар месозад.

Дар ин робита, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомали Раҳмон борҳо таъкид намудааст, ки «Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист — террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад. Терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро».

Имрӯзҳо бар асари ноамниҳо дар нуқтаҳои гуногуни олам таҳдидҳои амниятӣ ба минтақаи мо низ рӯ ба афзоиш мебошанд. Кишвари мо, бинобар мавқеи ҷуғрофии худ, дар марзи аввали муқовимат бо таҳдиду хатарҳои муосир қарор дорад.

Дар ин иртибот, бори дигар таъкид месозам, ки пирӯзӣ бар терроризму ифротгароӣ танҳо бо роҳи низомӣ ғайриимкон мебошад. Дар ин раванд дар мадди назари доимӣ нигоҳ доштани ҷанбаҳои иҷтимоии афзоиши ин зуҳурот зарур дониста мешавад. Фақру камбизоатӣ, бекорӣ, сатҳи пасти саводнокӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки одамонро водор менамоянд, то дар ҷустуҷӯи адолати иҷтимоӣ ба ғояҳои зӯроварӣ рӯ оранд. Зимнан, тақозои замон аст, ки давлатҳои пешрафта ба кишварҳои ниёзманд доир ба расонидани кумаки зарурии иқтисодиву молиявӣ ва технологӣ дар доираи барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад.

Аз ин лиҳоз, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мубодилаи иттилоот дар бораи тарзу усулҳои муассири пайгирӣ намудани чунин сомонаҳо, аз шабакаи интернет хориҷ намудани онҳо ва расонидани кумаки байниҳамдигарӣ дар ин самт шарти муҳимми комёбӣ дар мубориза бо кибертерроризм мебошад.

Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризму ифротгароӣ маҳсуб меёбад, аз ҷумлаи мушкилоти умдаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Мубориза алайҳи он аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ андешидани чораҳои бетаъхир ва роҳандозии тадбирҳои муштаракро бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳо талаб менамояд. Тақвияти ҳамоҳангӣ ва расонидани кумак ба кишварҳое, ки дар сари роҳи маводи мухаддир қарор доранд, амри зарурӣ ва тақозои замон аст.

Ҳамин тариқ, бо такя ба таҷрибаи сулҳофарии давлатамон баробари муборизаи беамон бар зидди терроризму ифротгароӣ тарзу усули ҳалли осоиштаи муноқишаву низоъҳои замони муосирро дар чаҳорчӯби меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофгардида қотеона ҶТ ҷонибдорӣ мекунад.  Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофаринии  байналмилалӣ донистаанд. Таърих ва таҷрибаи талхи бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон гувоҳ аст, ки дар мубориза бо қувваҳои бадхоҳи ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои глобалӣ танҳо бо роҳи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак метавон пирӯз гардид.

 

Судяи суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон

Раҳмонзода И.Р.