Ҳабси ронандаи мусофиркаш барои дағалгуфторӣ
Шаҳрванд Киличев С. рўзи 26 майи соли 2024 тахминан соати 15:10 дақиқа, бо автомашинаи тамғаи “Мерседес Спринтер” рақами қайди давлатиаш 45-45 TF01 ба мусофиркашонӣ хатсайри Душанбе – Бохтар машғул гардида, шаҳрванд Қараева Т.Қ. сокини ноҳияи Хуросон, Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа, деҳаи Бандарро, ки дар ҳамшафати роҳи мошингард қарор дошт, ба автомашинааш савор карда, бинобар сабаби кам пардохт намудани ҳақи роҳкиро нисбаташ дашном ва суханҳои таҳқиромез гуфта, шаъну шарафи ўро дар назди мусофирони дохили автомашина паст зада, бо ин кирдораш оромӣ, осудагии мусофирони дохили автомашинаро халалдор намудааст.
Бо қарори суд ҳуқуқвайронкунанда Киличев С. бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тољикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 (панҷ) шабонарўз таъин карда шудааст.