8 соли маҳрумӣ барои расонидани ҷароҳати вазнин ба саломатии фарзанди навзод
Судшаванда Алимов М.Г. рӯзи 7 июли соли 2024 тахминан соати 21:30 дақиқа, пас аз нушидани машруботи спиртӣ, дар ҳолати сарҳушӣ ба манзили истиқоматиаш ба деҳаи Чорбоғ, Ҷамоати деҳоти С.Айнӣ, ноҳияи Хуросон рафта, бо ҳамсараш шаҳрванд Файзализода С.М., баҳсу мунозира ва ҷангу ҷанҷол намуда, номбурдаро мавриди лату куб қарор медиҳад, ки дар натиҷа фарзанди навзодаш А.Р.М. санаи таваллудаш 10 апрели соли 2024 зарари ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта дар беморхонаи клиники вилояти Хатлон ба ном Б.Воҳидов бистарӣ мегардад.
Тибқи хулосаи экспертизаи тиббӣ-судӣ таҳти № 329 аз 27.08. соли 2024, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бадани навзод А.Р.М. санаи таваллудаш 08.07. соли 2024, дар намуди осеби пушида косахона ва майнаи сар, латхурии майнаи сар дараҷаи вазнини миёна, шикасти фишурдашудаи устухони фарқ аз рост. Хуномоси зериапаневрози мавзеи фарқ аз рост, ки ин ҷароҳатҳо ба зарари вазнини саломати таалуқ дошта бо нишонаҳои хафнок будаи барои ҳаёт мансуб мебошад.
Суд ҳолатҳои воқеъии корро ба инобат гирифта чунин шуморидааст, ки нисбати судшаванда Алимов М.Г. ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро таъин намояд.
Бо ҳукми суди ноҳияи Хуросон судшаванда Алимов М.Г. дар содир кардани ҷинояти бо моддаи 110 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) сол бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон пурзўр таъин карда шуд.
Судяи суди ноҳияи Хуросон
Шоҳиён Ф.Б.