Идомаи корҳои таъмирӣ ва рангу бор кардани бинои Суди ноҳияи Хуросон

Бо мақсади беҳтар намудани шароити кории кормандон ва ташкили муҳити мусоиди хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, дар бинои Суди ноҳияи Хуросон корҳои таъмирӣ ва рангуборкунӣ амалӣ карда шуданд.
Дар доираи ин чорабиниҳо, роҳравҳо ва толори маҷлисгоҳи судӣ таъмир ва рангубор карда шуданд. Ҳадафи асосии ин корҳо таъмини тозагии эстетикӣ ва беҳдошти шароити фаъолияти суд мебошад.
Иҷрои корҳои таъмирӣ ва рангуборӣ ба таври мунтазам идома ёфта, ба беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат мекунад.








