Конститутсия – пояи ҷомеаи одилона ва сулҳу суботи устувор

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик мебошад.

Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дошта, пойдевори назму низом ва сулҳу субот ба ҳисоб меравад. Маврид ба зикри хос аст, ки ин санади миҳимму зарурӣ пояҳои давлатдориро устувор менамояд, роҳи минбаъдаи таҳким ва пешрафти давлатдории миллиро муайян мекунад.

Омӯзиши таърихи ташаккули Конститутсия ҳамчун пойдевори ҷомеаи одилона ва сулҳу суботи устувор, аз он шаҳодат медиҳад, ки шарафёбгардидан ба ин санади барои мардуми тоҷик басо муқаддас бо роҳи осон муйяссар нагардидааст.

Зеро дар оғози давраи ба истиқлол расидани Тоҷикистон, ки дар натиҷаи фурӯпошии давлати абарқудрати вақт сурат гирифт, мамлакати мо гирифтори буҳрони шадиди сиёсиву гуманитарӣ ва ҳодисаҳои фоҷеабор гардид. Ҳамин тавр, тобистону тирамоҳи соли 1992 оташи ҷанги шаҳрвандӣ рӯз ба рӯз аланга гирифта, раванди фаъолияти мақомоти давлатӣ, махсусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурра фалаҷ гардид.

Вазъияти ба амаломада талаб мекард, ки барои гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун дар ҷомеа ва сулҳу оромӣ дар мамлакат иҷлосияи Шӯрои Олӣ даъват карда шавад, зеро хатари аз байн рафтани давлати тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти даҳшатноки рӯз табдил ёфта буд. Дар ин замина, Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд даъват гардид. Рӯзномаи Иҷлосия бо иборат аз 23 масъала ба кори худ идома бахшид. Масъалаҳои муҳимми Иҷлосияи тақдирсоз ин ннтихоби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати нави Раёсати Шӯрои Олӣ ба ҳисоб мерафт. Дар маҷмуъ муҳимтарин дастоварди бузурги ин Иҷлосия интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди бонангу номуси миллат, шахси далеру шуҷоъ, покзамиру нексиришт ва дорои ҳувияти баланди миллӣ ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Пас аз интихоб гардидан ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ ба халқи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 таъкид намуда, иброз намуданд, ки «Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ташаккул дода, ҷиҳати эъмори давлати мустақили миллӣ – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим». Бо мақсади татбиқи амалии ин муроҷиатнома зарурати ҳарчи зудтар қабул намудани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба миён омад. Зеро Тоҷикистони соҳибистиқлол беш аз ду сол дар доираи Конститутсияи соли 1978, ки меъёрҳои он ба давраи соҳибистиқлолӣ мувофиқу созгор набуданд, фаъолият намуд. Дар воқеъ зарур буд, ки истиқлолу озодии давлати худро дар сатҳи Конститутсия – қонуни асосии мамлакат, пойдевори назму низом ва сулҳу субот ба расмият дарорем, дар он орзую омоли мардуми кӯҳанбунёдамонро хусусияти меъёри бахшем.

Воқеан, дар чунин шароити мураккаби давлатдорӣ баррасӣ кардани масъалаи қабули Конститутсия аз он шаҳодат медиҳад, ки мавҷудияти ин санади олии ҳуқуқӣ барои давлатдории миллии ҳар як кишвар муқаддасу арзишманд эътироф мегардад.

 Дар натиҷа, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсӣ ва бо ҷонибдории аксари мардуми Тоҷикистон қабул гардид. Бояд иброз намуд, ки тавассути раъйпурсӣ қабул гардидани  Конститутсия дар таърихи рушди конститутсионии кишварамон таҷрибаи нодир ва нахустин буд.

Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардида, ислоҳоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ гузаронида шуда, пойдевори мустаҳками низоми сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ гузошта шуда, Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром намуд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян кард.

Ҳамин тавр, мавқеи ин санади тақдирсози замони соҳибистиқлолиро, ҳамчун пояи ҷомеаи одилона ва сулҳу суботи устувор бо якчанд далелҳо метавон асоснок намуд:

Якум, бояд қайд намуд, ки дар асоси қабули Конститутсия дар кишвар: низоми муосири ҳуқуқӣ; парламенти ду маҷлиса; сохтори мукаммали судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ созмон дода шуданд.

Бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи алоҳидаи давлат ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат дар доираи салоҳияти худ ба сифати ҳокмияти мустақили давлатӣ фаъолият дорад.

Дуюм, қабули Конститутсия ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, волоияти қонун, ободкориву созандагӣ ва пешрафту тараққиёти мамлакат мусоидат намуд. Албатта, ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон аст. Конститутсия низ пешбинӣ намудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.

Сеюм, дар Конститутсия забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ эътироф гардида, тайи 31 сол барои рушд ва истифодаи васеи он дар коргузории давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа шароити кофӣ муҳайё гардид.

Чаҳорум, Конститутсия ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро ҳадафи воло эътироф карда, ҳамчун санади башардӯстона инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон намуд.

Панҷум, баланд гардидани сатҳи фарҳанги конститутсионӣ, маърифати ҳуқуқии ҷомеаи Тоҷикистон, дар ин замина «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 ва бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, ҷиҳати аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор додани эълон намудани «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқи».

Шашум, бунёди давлати иҷтимоӣ ва зина ба зина боло бурдани сатҳу зинадагонии мардуми кишвар.  

Ҳафтум, дар Конститутсия бори нахуст арзишҳои давлати демократӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, инъикос гардиданд.

Хулоса, арзишҳои волои ин санади воқеан тақдирсозу таърихӣ, таҳкимбахши давлату давлатдории мустақили Тоҷикистон ифода гардида, дар заминаи он дар ҷомеа сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, рушди устувору босуръати ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, зиндагии осудаи шаҳрвандон, бовару умеди онҳо ба ояндаи дурахшон, нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъмин гардид. Ин аст, ки имрӯзҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷумлаи Конститутсияҳои беҳтарини дунё шомил мегардад.

Конститутсия ҳамчун санади меъёрӣ ҳуқуқӣ мақоми олиро доро буда, на танҳо асоси сохтори сиёсӣ — ҳуқуқӣ ба шумор меравад, балки нишони иродаи тамоми шаҳрвандон ва дар ин замина давлату миллат мебошад.   

Тавре дар Конститутсия дарҷ шудааст: << Мо, халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем >>. Ҳамин аст, ки ҳамасола 6 ноябр ҳамчун рузи Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана, ҷашн гирифта мешавад. Конститутсия асоси ҳуқуқии батанзимдарорандаи тамоми муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ ба ҳисоб рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф менамояд.

Судяи Суди ноҳияи Хуросон Вализода Ҷонибек Саидмумин