Тамошои дастаҷамъонаи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди ноҳияи Хуросон
Имрӯз, 16 декабри соли 2025 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд иштирок намуда, Паёми Президенти кишварро, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад, бо диққати хоса тамошо намуданд.
Суди ноҳияи Хуросон 




