Ҷамъбастии амалияи судӣ оиди баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ

Ҷ А М Ъ Б А С Т И И

Амалияи судӣ оиди баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ (моддаи 212 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар соли 2023

29 феврали соли 2024                                     ноҳияи Хуросон

 

Ҷамъбастии мазкур мувофиқи банди 3 нақшаи кории суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2024, дар натиҷаи омӯзиши парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ (моддаи 212 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар соли 2023 аз ҷониби суди ноҳияи Хуросон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, гузаронида шуд.

Судяҳои суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар давраи соли 2023 дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, Паёми сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурҳои роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амал намуда, баҳри таъмин ва баланд бардоштани адолатӣ судӣ, дар фаъолияти худ онҳоро ба роҳбарӣ гирифта, корҳои муайянро иҷро намудаанд.

Бо назардошти муҳимияти масъалаҳои гузошташуда, инчунин бо мақсади ба роҳ мондани таҷрибаи ягона ва дурусти судӣ, ҷамъбасти баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ дар давраи соли 2023 гузаронда шуд.

Инчунин мақсади дар нақшаи кории суд ҷой намудани гузарондани ҷамъбастии мазкур, дар он мебошад, ки бояд сабабҳои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо муайян ва дар назди мақомоти босалоҳияту шаҳрвандон вазифа гузошта шавад, ки баҳри пешгирии содиршавии чунин ҷиноятҳо  чораҳои қонунӣ андешанд.

Ҷамъбастӣ нишон дод, ки судяҳои суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, асосан қонунҳои мурофиавӣ ва моддиро дуруст татбиқ намуда, баҳри таъмини қонуният ва адолати судӣ дар ин самт фаъолияти назаррас анҷом додаанд. Судяҳо талаботи қонунро ҷиҳати пурра, ҳаматарафа ва холисона санҷидани ҳамаи ҳолатҳои кор, риоя намуда, дастурҳои Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро асосан дуруст дар таҷрибаи кориашон татбиқ намудаанд.

Ҷамъбаст, омӯзиши парвандаҳои ҷиноятӣ, таҳлили нишондоди оморӣ ва иҷрои корҳои дигарро дарбар гирифт, ки натиҷаашро чунин ифода кардан ба мақсад мувофиқ аст.

Ҳангоми гузарондани ҷамъбастӣ, муайян карда шуда, ки дар давраи соли 2023 аз ҷониби суди ноҳияи Хуросон, 37 адад парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ гардидаанд. Аз ин миқдор 37 адад бо баровардани ҳукм нисбати 37 нафар мард, аз он 1 нафар шаҳрванди хориҷӣ, нисбати 18 нафар ҷазои ҷарима, нисбати 16 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, нисбати 3 нафар шартан татбиқ накардани ҷазо муҳлати санҷишӣ муқаррар карда шудааст. Ҷазои иловагӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт нисбати 17 нафар таъин карда шудааст.

Ҷамъбастӣ нишон дод, ки судяҳои суди ноҳияи Хуросон ба марҳилаи барои муҳокимаи судӣ таъин намудани парванда, ки яке аз марҳилаи асосии мурофиаи ҷиноятӣ ба ҳисоб меравад, диққати ҷиддӣ дода, талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дақиқ риоя намуда, парвандаҳои ҷиноятиро пурра омӯхта, саривақт ба онҳо супоридани нусхаи фикри айбдоркунӣ, хабардор кардани иштирокчиёни мурофиаи судӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ гузарондани мурофиаҳои судӣ кӯшиш ба харҷ додаанд.

Тибқи моддаи 35 қисми 2 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар ҳангоми баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ риоя накардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, инчунин риоя накардани муқаррароти қонун, ки зимни пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, баррасии судӣ ошкор карда мешаванд, суд, судя ҳуқуқ доранд нисбат ба онҳое, ки ба камбудӣ роҳ додаанд, таъиноти (қарори) хусусӣ бароранд.

Мувофиқи қисми 3 ҳамон модда суд, судя ҳуқуқ доранд дар дигар ҳолатҳо низ таъиноти (қарори) хусусӣ бароранд.

Таҳлил нишон дод, ки аз 37 адад парвандаи баррасишуда, ҳамагӣ 24 адад таъиноти хусусӣ бароварда шудааст, ҳол он ки доир ба ин намуди ҷиноятҳо бояд, ки вобаста ба ҳар як парванда таъинотҳои хусусӣ бароварда шаванд. Ин аз беаҳамиятӣ зоҳир намудани судяҳо ҳангоми баррасии парвандаҳои мазкур далолат медиҳад.

Омӯзиши парвандаҳои мазкур нишон медиҳад, ки судяҳо баҳри пурра, ҳаматарафа ва холисона баррасӣ намудани парвандаҳо кӯшиш ба харҷ додаанд.

Аз ҷиҳати имлоӣ ва риояи қонунгузории забони давлатӣ низ санадҳои судӣ ва протоколҳои маҷлиси судӣ ба таври дахлдор тартиб дода шудаанд. Судяҳо ва котибони маҷлиси судӣ ҳарчӣ бештар кӯшиш намудаанд, ки парвандаҳо баъди баррасӣ гардидан, дуруст ба расмият дароварда шаванд ва тозаю озода нигоҳ доштани онҳоро таъмин кунанд.

Мақсади ҷазо ин барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи гунаҳкорон, инчунин пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав тибқи талаботи моддаи 46 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҷамъбастӣ нишон дод, ки судяҳои суди ноҳияи Хуросон ҳангоми таъини ҷазо принсипи фардикунонии ҷазоро ба асос гирифта, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳкор, хусусият ва андозаи зарари расондашуда, ҳолате, ки  ҷазоро сабук ва ё вазнин мекунад, хусусият ва дараҷаи иштирок дар муваффақ шудан ба мақсади ҷиноят, таъсири ӯ ба хусусият ва андозаи зарари расондашуда ва дигар ҳолатҳоро ба назар мегиранд.

Таҷрибаи ҷазодиҳӣ оид ба ин категорияҳои ҷиноятҳо дар соли 2023 чунин аст.

Мувофиқи моддаи 71 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон агар суд ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъин намуда, ба хулосае ояд, ки ислоҳ кардани маҳкумшуда бе адои ҷазо, вале дар шароити назорати рафтораш имконпазир аст, он гоҳ метавонад дар хусуси шартан татбиқ накардани ҷазо қарор қабул намояд.

Ин муқаррароти пешбининамудаи қонун дар соли 2023 нисбати 3 нафар татбиқ карда шудааст.

Нисбати 18 нафар ҷазои ҷарима таъин карда шудааст.

Нисбати 16 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст.

Нисбати 17 нафар ҷазои иловагӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт таъин карда шудааст.

Ҳамзамон омузиши ин парвандаҳои ҷинояти нишон дод, ки хукмҳо на ҳама вақт дар муҳлатҳои муқаррар кардашудаи қонун ба маҳкумшудагон супорида шуда, амрҳо оиди ба қувваи қонуни даромадани ҳукмҳо сари вақт равон карда намешаванд.

          Ҳамзамон аз  маълумотҳои  омори  барои соли сипаришудаи 2023 бар меояд, ки судяҳои суди ноҳия ташвиқу тарғиби ҳукмҳои бароварда шудаашонро  дар байни омма бо роҳи муҳокима намудан бо роҳи маколаю баромадҳо ба тариқи газетаю маҷаллаҳо  ва радиову телевизион, дар бораи содир намудани ҷиноятҳо аз ҷониби ронандагон, пешгирии ин ҷиноятҳо, ва ғгайрахоро сарфи назар намуда дар кори худ ба роҳ намегузоранд.

          Дар натиҷаи ҷамъбасткуни муқарар карда шуд, ки на ҳамаи судяҳои суди ноҳияи Хуросон баъди баррасии парвандаҳои ҷиноятии мазкур  барасмият дароварда, на ҳама вақт ба дафтархонаи ҷиноятии суд месупоранд.

Бо омӯзиши парвандаҳои ҷиноятии мазкур муайян карда шуд, ки бештари ҷиноятҳои содиргардида дар ҳудуди деҳаи Чорбоғ, деҳаи Хуросон Ҷамоати деҳоти С.Айнӣ ва деҳаи Чашмасор, Ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон аз ҷониби ронандагон «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» риоя нашуда, ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, дар натича ҷиноят содир намудаанд.

Аз ҷумла:

— парвандаи ҷиноятӣ таҳти №1-16/23 нисбати Собиров Қ.Ё. бо моддаи 212 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки судшавнада Собиров Қ.Ё. санаи 22.10. соли 2022 тахминан соати 11:20 дақиқа бо автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс” дар ҳудуди деҳаи Чорбоғ, Ҷамоати деҳоти С.Айнӣ, ноҳияи Хуросон «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» риоя накарда, ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, дар натиҷа ду нафар ба ҳолат расида, як нафар ба саломатиаш зарари ҷисмонӣ бардоштааст;

— парвандаи ҷиноятӣ таҳти №1-131/23 нисбати Тағоев Н.Н. бо моддаи 212 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки судшавнада Тағоев Н.Н. санаи 19.08. соли 2023 тахминан соати 14:20 дақиқа бо автомашинаи тамғаи “Опел Астра” дар ҳудуди деҳаи Чорбоғ, Ҷамоати деҳоти С.Айнӣ, ноҳияи Хуросон «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» риоя накарда, ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, дар натиҷа як нафар ба саломатиаш зарари ҷисмонӣ бардоштааст;

— парвандаи ҷиноятӣ таҳти №1-114/23 нисбати Ҳасанов Н.Б. бо моддаи 212 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки судшавнада Ҳасанов Н.Б. санаи 29.06. соли 2023 тахминан соати 16:30 дақиқа бо автомашинаи тамғаи “Хундай Атоз” дар ҳудуди деҳаи Чорбоғ, Ҷамоати деҳоти С.Айнӣ, ноҳияи Хуросон «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» риоя накарда, ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, дар натиҷа як нафар ба саломатиаш зарари ҷисмонӣ бардоштааст;

— парвандаи ҷиноятӣ таҳти №1-135/23 нисбати Ҷабборов Ҷ.Қ. бо моддаи 212 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки судшавнада Ҷабборов Ҷ.Қ. санаи 22.08. соли 2023 тахминан соати 19:30 дақиқа бо автомашинаи тамғаи “Опел Астра” дар ҳудуди деҳаи Хуросон, Ҷамоати деҳоти С.Айнӣ, ноҳияи Хуросон «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» риоя накарда, ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, дар натиҷа як нафар ба саломатиаш зарари ҷисмонӣ бардоштааст;

— парвандаи ҷиноятӣ таҳти №1-125/23 нисбати Саидзода Ю.З. бо моддаи 212 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки судшавнада Саидзода Ю.З. санаи 23.07. соли 2023 тахминан соати 23:50 дақиқа бо автомашинаи тамғаи “Тойота Королла” дар ҳудуди деҳаи Хуросон, Ҷамоати деҳоти С.Айнӣ, ноҳияи Хуросон «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» риоя накарда, ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, дар натиҷа як нафар ба саломатиаш зарари ҷисмонӣ бардоштааст;

— парвандаи ҷиноятӣ таҳти №1-31/23 нисбати Ёқубджони Қ.Ғ. бо моддаи 212 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки судшавнада Ёқубджони Қ.Ғ. санаи 19.01. соли 2023 тахминан соати 16:00 дақиқа бо автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс” дар ҳудуди деҳаи Чашмасор, Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод, ноҳияи Хуросон «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» риоя накарда, ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, дар натиҷа як нафар ба саломатиаш зарари ҷисмонӣ бардоштааст;

— парвандаи ҷиноятӣ таҳти №1-33/23 нисбати Аҳлиддинзода М.И. бо моддаи 212 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки судшавнада Аҳлиддинзода М.И. санаи 18.01. соли 2023 тахминан соати 23:30 дақиқа бо автомашинаи тамғаи “Опел Астра” дар ҳудуди деҳаи Чашмасор, Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод, ноҳияи Хуросон «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» риоя накарда, ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, дар натиҷа як нафар ба саломатиаш зарари ҷисмонӣ бардоштааст;

— парвандаи ҷиноятӣ таҳти №1-36/23 нисбати Мустафоқулов Ё.А. бо моддаи 212 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки судшавнада Мустафоқулов Ё.А. санаи 12.01. соли 2023 тахминан соати 14:30 дақиқа бо автомашинаи тамғаи “Опел Зафира” дар ҳудуди деҳаи Чашмасор, Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод, ноҳияи Хуросон «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» риоя накарда, ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, дар натиҷа як нафар ба саломатиаш зарари ҷисмонӣ бардоштааст.

Ҳолатҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки нозирони ШБДА РВКД дар вилояти Хатлон ва нозирони ШБДА ШВКД дар ноҳияи Хуросон дар минтақаи садамаи рухдода, яъне дар ҳудуди деҳаи Чорбоғ, деҳаи Хуросон Ҷамоати деҳоти С.Айнӣ ва деҳаи Чашмасор, Ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон фаъолияти худро дар асоси қонун ва ба таври дахлдор ба роҳ намонда, аз ҷониби онҳо барои пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар роҳҳо аз тарафи ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ, чораҳои дахлдор андешида намешаванд, ки дар натиҷа ронандагон қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намекунанд.

Инчунин ҷамъбастӣ нишон дод, ки аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, он муассисаҳои таълимие, ки ронандагони ҷиноят содиркарда, дар он таҳсил намуданд ва дар асоси он ҳуҷҷати ронандагӣ гирифтаанд, пурра санҷида нашудааст, ки дар натиҷа ронандагон қоида ва аломатҳои ҳаракати роҳро намедонанд, ки ин боиси ба вучуд омадани садамаи наклиётӣ ва содир намудани ҷиноят мегардад.

Суд сабаб ва шароитҳои асосии содиршавии ҷиноятҳои дар ҷамъбасти дидашударо аз тарафи судшавандагон, ин надонистани «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва андешида нашудани чораҳои дахлдор аз ҷониби нозирони ШБДА РВКД дар вилояти Хатлон ва нозирони ШБДА ШВКД дар ноҳияи Хуросон дар минтақаи садамаи рухдода, инчунин аз ҷониби онҳо барои пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар роҳҳо аз тарафи ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ, мебошад.

          Дар асоси гуфтаҳои боло бо дастрасии моддаи 88 Қонуни Конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»,_

ПЕШНИҲОД  КАРДА  МЕШАВАД:

 

  1. Ҷамбастии мазкур дар маҷлиси фаврӣ дар байни судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Хуросон мавриди муҳокима қарор дода шавад.
  2. Диққати судяҳо, инчунин кормандони дастгоҳи суд ҷиҳати саривақт супоридани парвандаҳо ба дафтархонаи суд ва таъмин намудани иҷроиш ҷалб карда шавад.
  3. Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба унвонии Сардори ШБДА РВКД дар вилояти Хатлон ва Сардори ШБДА ШВКД дар ноҳияи Хуросон ҷиҳати ҷалб намудани диққати онҳо оиди пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар роҳҳо аз тарафи ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ, пешниҳод ирсол карда шавад.

 

Судяи суди

ноҳияи Хуросон                                                    Раҳмонзода И.Р.