Гузаронидани мурофиаҳои сайёри судӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ
Суди ноҳияи Хуросон бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30.12.2023 сол, №668 дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, санаи 4 июни соли 2024 дар Ҷамоати шаҳраки Обикиик, ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони ШВКД дар ноҳияи Хуросон, аз ҷониби судяи суди ноҳияи Хуросон Раҳмонзода Икром ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати ҳуқуқвайронкунандагон Сафарова Шодигул Абдуназаровна, Шоймардонов Пайғомали Файзалиевич,Аминова Санавбар Музафаровна, Аминова Сановбар Музафаровна, Носирова Марифатхон барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саулаева Маманур Қизилбаевна яъне барои аз тарафи падару модар иҷро накардани ўҳдадориҳои тарбиявӣ ва таълимӣ ҳангоми набудани аломати ҷиноят ва барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷа бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 216 сомонӣ ва бо моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 110 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 7920 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки баргузор намудани чунин мурофиаҳои сайёри судӣ дар Ҷамоати шаҳрак амали зарурӣ ва саривақтӣ буда, он дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.