Ҷиноят ва ҷазо: Ҷазои маҳрумӣ барои одамрабоӣ

Шаҳрванд Шарипова О.Т. бо мақсади он ки бо сабаби фарзандор нашуданаш, дар назди худ мақсад гузоштааст, ки тариқи пинҳонӣ аз шуъбаи таваллудхонаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ғайриқонунӣ як нафар тифли навзодро рабуда, соҳиби фарзанд шавад. Барои амалӣ намудани нақшаи таҳрезӣ кардааш моҳи феврали соли 2022 тавассути телефони мобилӣ ба шавҳараш оиди ҳомиладор шуданаш хабари бардурӯғ дода, минбаъд муддати 9 (нуҳ) моҳ дар зери либоси танааш дар қисми шикам латаю ҳаргуна матоъ баста, худро барои атрофиён ҳамчун ҳомиладор вонамуд кардааст. Сипас баҳри иҷрои нақшаи тарҳрезӣ намудааш бегоҳи 23 сентябри соли 2022 ба шуъбаи таваллудхонаи ноҳияи А.Ҷомӣ омада, ҳолати рафтани навбатдорро истифода бурда, дар ҳол бо роҳи тиреза вориди долони шуъбаи таваллудхона шуда, сипас ба яке аз ҳуҷраи наздиктарин, яъне ҳуҷраи табобати шиддатнок ворид шуда, кудаки навзодро бурда, пинҳон кардааст. Санаи 30 сентябри соли 2022 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯи тифли навзоди дар боло номбаршуда дар ҳолати хуби саломатӣ дарёфт карда, ба модараш баргардонида шудааст.

Ҷабрдида Р.Р.Ф. дар маҷлиси судӣ қайд намуд, ки оиди дуздида шудани кудакаш азоби руҳӣ кашидааст ва судшаванда Шарипова О.Т.-ро умуман намебахшад. Аз суд хоҳиш намуд, ки нисбати судшанда Шарипова О.Т. ҷазои вазнинтарин дода шавад.

Бо ҳукми суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон судшаванда Шарипова О.Т. дар содир кардани ҷинояти бо моддаи 130 қисми 2 банди “д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ, таъин карда шудааст.

 

Судяи суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон

РАҲМОНЗОДА И.Р.