Конститутсия роҳнамои миллату давлат

Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати қабули Конститутсия пеш омад. Чунки ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуда, дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Мардуми Тоҷикистон дар марҳалаи нави давлатдории худ бо роҳи демократӣ ба эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодӣ шуруъ намуд. Гуфтан мумкин аст, ки дар кишварамон давраи нави мустақили рушди иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар робита бо эҳёи суннатҳои давлатдории ниёгон, истифодаи васеи анъанаҳои миллӣ, мероси ғании фарҳангӣ ва дар заминаи густариши робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмиллаӣ оғоз шуд.

Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастоварди бузурги ҷомеаи навин заминаҳои ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлол, шакли ифодаи ормонҳои давлатдории миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллиро фароҳам овард. Дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳуқуқии кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забон ва рамзҳои давлатӣ, шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеа эълон шуданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии кишвар ифодаи қонунии худро пайдо намуд ва дар заминаи он дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ Қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуданд. Барои дар заминаҳои ҷомеаи демократӣ ташкил кардани ҳокимияти давлатӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти он, Конститутсия пойдевори устувори ҳуқуқӣ ва роҳнамои миллату давлат гардид.

Мардуми тоҷикро бахту саодати бузурге насиб гашт, ки чунин Конститутсия сазовор гардиданд, зеро агар мавқеи илмӣ ва шаҳрвандии мутахассисони худиро дар масъалаи арзёбии Конститутсия як сӯ гузорем, ба эътибори коршиносони як қаттор давлатҳои пешрафтаву мутамаддини ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ, аз қабили Созмони миллали муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз намунаҳои беҳтарини Конститутсияҳои демократии ҷаҳонӣ маҳсуд меёбад. Албатта, моҳияти Конститутсия аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин падида хусусияти мушаххаси таърихӣ дорад. Яъне, миллати тоҷик ба гуруҳи қадимтарин миллатҳои дунё шомил гардидаанд ва ҳунӯз дар асрҳои 9-10 давлати миллии худро созмон дода, дар тӯли ду садсола мустақилияти хешро нигоҳ дошта тавонистаанд. ………..

Баҳри ҳифзи миллат аз хатари парокандашавӣ ва аз байн бурдани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, аз қабили маҳалгароӣ ва бегонапарстӣ, ки омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои истиқлолияти давлатӣ мебошанд, ваҳдату ягонагии мардуми кишварамон нақши бағоят муҳим дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳалли масъалаҳои зеринро ҳамчун омил ва устувору пойдор нигоҳ доштани давлати соҳибистиқлол таъкид намудаанд: якум, муттаҳидшавии миллат, пойдор намудани ягонагӣ, тамомияти арзӣ ва иқтидори давлати миллии соҳибистиқлол, сулҳпарвар, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ; дуюм, дар заминаи ваҳдати миллат, муҳаббат ба Ватан, забон, илму адабиёту фарҳанг ва тафаккури миллӣ бедор намудани ҳисии худшиносию ифтихори миллӣ; сеюм, таҳти парчаи Ватан, ғояҳои ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон сарҷамъ омадани ҳамаи созмонҳо ва ташкилотҳои сиёсиву ҷамъиятӣ дар доираи қонун, бо роҳи мусолиҳа ва гуфтушунид ҳал намудани ҳамаи ихтилофи бамиёномада; чорум, ҳифз намудани бойигарии моддӣ ва маънавии миллат, бузургдошт ва қадшиносии ашхосе, ки дар ҷодаи ваҳдати миллат, худшиносиву ифтихори миллӣ, муттаҳидии мардуми Тоҷикистон хизматҳои арзанда намудаанд.

Албатта, барои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба расмият даровардани истиқлолияти давлатӣ ва таъмини таҳкими ваҳдати халқу миллат, пеш аз ҳама қабули Конститутсия зарур буд.

Аз ин хотир 6 ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, аз тариқӣ раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Конститутсияи нави миллӣ ҷавобгӯйи орзую омол ва ормони тоҷикон ба мақсади бунёди давлати миллии худ мебошад.

Дар Конститутсия халқ бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи дурнамои худ эълон кардааст. Роҳи ноил гаштан ба ин ҳадаф дар гуногуншавии моликият ҳамчун асоси иқтисодии Тоҷикистон, ба роҳ мондани фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ зоҳир мегардад. Дар Конститутсия мақсаду мароми халқи Тоҷикистон оид ба созмони ҷомеа ва давлати оянда, сохтор, усулҳои ташкилшавӣ, фаъолият ҳокимияти давлатӣ ва рукнҳои асосии амаликунандаи он муайян шудаанд. Халқи Тоҷикистон арзишҳо ва қолабҳои давлатдории муосири ҷаҳониро қобили қабул шуморида, эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро пеша кард, ки инкишофи минбаъдаи ҷомеа зарурат ва дурустии онро собит намуд.

Судяи суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон

Раҳмонзода Икром