Семинар дар шаҳри Норак

Санаи 27 октябри соли 2023 дар шаҳри Норак, вилояти Хатлон, бо иштироки тамоми судяҳои суди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон семинар доир ба мавзуҳои гуногун марбут ба баррасии парвандаҳо гузаронида шуд, аз ҷумла аз ҷониби суди ноҳияи Хуросон судя Раҳмонзода И.Р. дар мавзуи «Шартномаи ҳиссагузорӣ дар бинои бисёрхонагӣ ва асосҳои ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ» баромад намуд.