Таъиноти кадрӣ дар ҳайати роҳбарикунандаи Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ

21 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шермуҳаммад Шоҳиён, аз вазифаи Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Мирзозода Рустам Пираҳмад, аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Хайриддинзода Азизбек бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло ва аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Азиззода Шодмони Шамс бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан ва дар бораи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Мирзозода Рустам Пираҳмад ирсол гардид.
Сарчашма: Президенти Тоҷикистон | Хабарҳо