Вохўрӣ байни кормандони Маркази саломатии ноҳияи Хуросон оиди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ

Соли ҷорӣ, ҷиҳати эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва дар асоси нақшаи корӣ суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон байни кормандони Маркази саломатии ноҳияи Хуросон вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯҳои муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023, пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» доир гардид.